Noble Quran » Тоҷики » Books » Насиҳати ман барои ҳар шиъа
Насиҳати ман барои ҳар шиъа
Муаллиф мегуяд: Ман дар ҳақиқат перомуни шиъаёни аҳли байт чизе намедонистам магар ин, ки онҳо гуруҳе аз мусалмононад, ки дар муҳаббати аҳли байти Пайғамбари Худо ғулув (аз ҳад гузаронидан) ва зиёдаравӣ мекунанд ва онҳоро нусрат медиҳан, ва низ аҳли суннат ва ҷамоатро дар баъзе масалаҳои ҷузъии шариат бо таъвилҳои дур ё наздик мухолифат мекунанд. Аз ин ру вақте, ки баъзе аз бародарон онҳоро фосиқ ва ё гоҳе аз доираи Ислом берун ҳукм мекарданд, банда аз ин кор хеле хашмгин ва нороҳат мешудам. Аммо ин кор дер давом накард, ки яке аз бародарон ба ман тавсия кард, ки ман яке аз китобҳои муътабари ин ҷамоатро мутолиъа кунам то ин, ки ҳукми дурустро дар бораи ин мазҳаб ба даст орам. Ва ман китоби "Ал-Кофи"- ро ихтиёр кардам зеро, ки ин китоб такягоҳи ин тоифа дар исботи мазҳабаш мебошад. Ман ин китобро мутолиъа кардам ва аз он ба як чанд ҳақоиқи илмие дастраси пайдо кардам, ки манро ба узр хостан аз он нафаре, ки шафқати маро ба ин тоифа хато меҳисобид, водор сохт ва дигар худамро аз он дидгоҳе ки қаблан нисбати ин мазҳаб доштам, маъзур донистам. Майлу хоҳишам маро аз он мудорое ки ба умеди аз байн бурдани баъзе аз тундравиҳое, ки байни аҳли суннат ва ин тоифа ба ислом нисбат дода шуда буд, боздошт. Инак ман он ҳақоиқеро, ки аз муҳимтарин ва маътабартарин китобҳои ин мазҳаб ба даст овардаам, мавриди баҳс қарор медиҳам. Аммо аз ҳар шиъа мехоҳам, ки дар атрофи ин ҳақиқатҳои илми бо ихлос ва инсоф андеша карда, худ ҳукми саҳиҳро дар бораи ин мазҳабаш бибарорад.Formation : أبو بكر جابر الجزائري
Source : http://www.islamhouse.com/p/208449
Random Books
- ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/326724
- ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Formation : Холид Абу Солиҳ
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329655
- Аркони ИмонАркони Имон, рукни аввали имон, ва ягонагии Худованд, ва парастиши Худованди ягона ва маънои калимаи шаҳодат, ва навъҳои ширк, ва маънои ибодат, ва далелҳои воридшуда дар Қурону суннат дар бораи ягонагии Худованд, ва дигар гуфтаниҳо дар мавриди ягонагии Худованд, инҳо мавзуъҳое ҳастанд ки ин китобча дар бар гирифта аст.
Formation : Маркази таҳқиқоти илми, Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара
Reveiwers : Мусъаби Ҳамза
Source : http://www.islamhouse.com/p/268472
- ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДХонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329947
- Беҳтарин инсонҳо баъд аз ПаёмбаронХудованд Паёмбарашро дар миёни гуруҳе аз халқи худ, яъне Асҳоб баргузида аст, ки ӯро бар ҷон ва моли худ бартарӣ доданд ва дар ҳар ҳол худро фидои эшон намуданд, чунон чӣ Худованд дар Қуръони Карим васфашон менамояд ва мефармояд:
Translators : Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази
From issues : وزارة الأوقاف والشؤون الإسلامية بالكويت
Source : http://www.islamhouse.com/p/376476












