Noble Quran » Тоҷики » Books » Муҳаммад (с) Паёмбари башарият
Муҳаммад (с) Паёмбари башарият
Ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбари мо инсонҳост, дилсӯзу меҳрубон, хайрхоҳу некандеш, дорои рафтор ва гуфторе аст, ки барои ҳар инсон дар ҳар замону макон ва дар ҳар мақому мавқеъияти беҳтарин сар машқ ва болотарин улгу аст. Нигори ман ки ба мактаб нарафту хат нанвишт, Ба ғамза масъала омӯзи сад мударрис шуд.Formation : Мустафо ас-Сибоъи
Reveiwers : А. Ҳақназар
Translators : Мӯҳсин Шайхӣ
Source : http://www.islamhouse.com/p/380304
Random Books
- Ҷавобҳои нурони дар мавриди ошурои ҲусейниМуаллифи ин китоб бо як маҳорати баланд ва бо амонати илми тақрибан тамоми ривоятҳое ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани маросимҳое ки шиъаҳо дар рузи ошуро барпо медоранд: аз мароҷиъиу олимони шиъа бароямон пешкаш кардааст. Ва ҳар инсони мусалмон хоҳ шиъа бошад ва хоҳ сунни агар бо диққат ин китобчаро бихонад аз Худованд умед дорам ки ҳақиқати ҷоиз будан ё набудани ин анъанаҳову маросимҳое ки рузи ошуро барпо мешаванд: мисли занчирзаниву синазани ва пушидани либосҳои сиёҳ, хоҳад фаҳмид.
Formation : Маволи Ғуюур
Translators : Абузари Абдулло
Source : http://www.islamhouse.com/p/261603
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоИн китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Reveiwers : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/294967
- ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДХонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329947
- Яктопарасти воқеъи беҳисоб дохили биҳишт хоҳад гаштЯктопарасти воқеъи ва ҳақиқи касе аст ки дар ҳама ҳолат таваккал ба худо карда ҳеҷгоҳ ба худованд ширк намеварзад.
Formation : Мусъаби Ҳамза
Source : http://www.islamhouse.com/p/371460
- ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМКитоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/369120












