Noble Quran » Тоҷики » Sorah Quraish

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Quraish - Verses Number 4
لِإِيلَافِ قُرَيْشٍ ( 1 ) Quraish - Ayaa 1
Барои шукри улфату амни Қурайш;
إِيلَافِهِمْ رِحْلَةَ الشِّتَاءِ وَالصَّيْفِ ( 2 ) Quraish - Ayaa 2
улфату амнашон дар сафари зимистониву тобистонӣ»
فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَٰذَا الْبَيْتِ ( 3 ) Quraish - Ayaa 3
Пас бояд Парвардигори ин хонаро (Каъбаро) бипарастанд:
الَّذِي أَطْعَمَهُم مِّن جُوعٍ وَآمَنَهُم مِّنْ خَوْفٍ ( 4 ) Quraish - Ayaa 4
он ки ба ҳангоми гуруснагӣ таъомашон дод ва аз хавф дар амонашон дошт.

Random Books

  • Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи чаҳоруми мусулмонон Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин Алӣ ибни Абўтолиб (р) чаҳорумин халифаи рошид ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда мебошад. Насаб ба Ҳошимиён дорад ва аз қабилаи Қурайш, писарамаки Паёмбар (с) аст. Ва Паёмбар (с) беҳтарин духтараш Фотимаро (р) ба никоҳи ў даровард. Падари Ҳасан ва Ҳусейн (р) мебошад.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/324363

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)Саду як қисса аз ҳаёти Алӣ ибни Абўтолиб (Худованд аз У рози бод)

  • Аз самими дилам ба самими дилҳоАз самими дилам ба самими дилҳо, китобчаест дар мавзуъи бисёр муҳим, ақида ва афкори раисии мазҳаби шиаро зикр карда, дар мизони шариат ва ақл мегузорад, ва аз бародарони шиа даъват мекунад ки дар ин мавзуъҳо ақли солимро кор фармуда ба хуломаи дуруст биёянд ва роҳи ҳақро ихтиёр намоянд. Аз ҷумлаи мавзуъҳои зикршуда инҳоянд: Ашке бар Тавҳид Шиъаҳо ва Қурон Шиҳаъо ва саҳобагон Имомат Никоҳи Мутъа Хумс Имом Маҳди Исмату маъсумият Тақя Ва дигар мавзуъҳо.

    Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис

    Source : http://www.islamhouse.com/p/320517

    Download :Аз самими дилам ба самими дилҳоАз самими дилам ба самими дилҳо

  • Воҷиботе, ки барои ҳар як мусалмон (мард ва зан), донистанаш зарур астРисолаи мухтасар ва муфид дар мавзӯъи муҳим , ки барои ҳар як мусалмон донистанаш зарур аст, Шинохтани Худованд, дини Ислом ва шартҳои Ло Илоҳа илла Аллоҳ, навоқизи Ислом, ва анвоъи тавҳид, ва дигар мавзуъҳои муҳим барои ҳар як мусалмон.

    Formation : Абдуллоҳ Ал-Қарови

    Translators : Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази

    From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз

    Source : http://www.islamhouse.com/p/346597

    Download :Воҷиботе, ки барои ҳар як мусалмон (мард ва зан), донистанаш зарур астВоҷиботе, ки барои ҳар як мусалмон (мард ва зан), донистанаш зарур аст

  • Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатИн рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

    Formation : Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/228544

    Download :Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатАқидаи аҳли суннат ва ҷамоат

  • ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМКитоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/369120

    Download :ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ